- Соли гузашта мо дар соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои шоён ноил гардидем. Ҳаҷми маҳсулот дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 183952 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба як соли пеш 6817 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Махсусан, растанипарварӣ рушд кард ва 76 фоизи маҷмӯи умумии маҳсулоти соҳа ба он рост омад. Ғалладона, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваю ангур ҳам бештар истеҳсол шуда, ҳосилнокӣ боло рафт, — бо қаноатмандӣ зикр кард раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин дар нишасти матбуотӣ, ки 11 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.
- Чорводорон низ хуб кор карданд. Захираи хӯроки чорво басанда аст. Саршумори чорво дар тӯли ин давра хеле афзуд. Занбӯриасалпарварон бошанд, истеҳсоли асалро ба 22 тонна расониданд, ки назар ба соли 2015 зиёд аст.
Мутаассифона, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қаноатбахш набуд. Баъзеи онҳо дар тӯли соли гузашта мунтазам фаъолият карда натавонистанд ва яке аз онҳо ҶДММ «Орди Шаҳринав» аст, ки умуман фаъолият надошт. Дар натиҷа, корхонаҳои соҳа баробар ба 72,9 фоизи соли 2015 маҳсулот истеҳсол карданду халос. Барои ислоҳи ин вазъ мо чораю тадбирҳои заруриро хоҳем андешид, — гуфт раиси ноҳия.
Дар ноҳияи Шаҳринав мавзеъҳои сайёҳию истироҳатӣ зиёданд. Аз маълумотномаи ба журналистон пешниҳодшуда маълум гардид, ки ҷиҳати муҳайё сохтани хатсайрҳои сайёҳию истироҳатӣ дар мавзеъҳои Пуштимиёна, Ҳакимӣ, Лабиҷар, Хоҷа-Ҳасан Тахти Сулаймон ва кӯлҳои Париён, Темурдара ва Ҷувозак кори зиёд ба анҷом расидааст.
- Кӯшиш хоҳем кард, ки камбудиҳои соли рафтаро дар соли ҷорӣ бартараф ва комёбиҳоямонро бештар намоем, — ҷамъбаст кард нишастро раиси ноҳия.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»