Нишастҳои матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» махсусиятҳои худро дошта, ба фаъолият шурӯъ намудани озмоишгоҳҳои муосир, нобудсозии молу маҳсулоти бесифати ошкоргардида, ба маъраз гузоштани таҷҳизоти муосири барои тавсеаи фаъолият дастрасгардида аз ҳамон ҷумлаанд. Ин навбат (дуюми августи соли 2023) низ анъанаи мазкур истисно набуд.
Сипас, миёни роҳбарияти «Тоҷикстандарт» ва рӯзноманигорон муҳовараи озоду самимӣ доир шуда, дар ин замина, журналистон ба саволҳояшон посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Ҷолибу муҳимтарин маълумоти дар нишаст ироагардида аз ҷониби соҳибкорон ба «Тоҷикстандарт» ихтиёран супоридани 46 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузаштаанд, мебошад. Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода аз ин раванд қаноатмандӣ карда, онро самараи корҳои фаҳмондадиҳӣ арзёбӣ намуд.
Дар ин муддат назорати бозори истеъмолӣ ва ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мадди назар қарор гирифта, 460 ҳазору 808 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати хӯрокворӣ ошкор гардид. Темурҷон Абдулваҳобзода масъалаи мазкурро шарҳу тавзеҳ дода гуфт, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (344 ҳазору 806 кг) ва боқимонда (116 ҳазору 2 кг) аз лиҳози тамғагузорӣ дар борҷома ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аз ҷумла, вобаста ба сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 209 ҳазору 242 кг маҳсулоти гӯштӣ, 4 ҳазору 509 кг равғани растанӣ, 35 ҳазору 768 литр нӯшокии спиртӣ, 69 ҳазору 304 литр нӯшокии ғайриспиртӣ, 20 ҳазору 152 кг маҳсулоти қаннодӣ, 2 ҳазору 785 кг маҳсулоти ширӣ, 18 ҳазору 152 кг иловагиҳои ғизоӣ, 3 ҳазору 134 кг намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ эътироф шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешиданд.
Санҷишу назорат дар фаъолияти «Тоҷикстандарт» мақоми меҳварӣ дошта, дар нимсолаи аввали соли 2023 вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори истеъмолӣ дар 2 ҳазору 580 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо гузаронида шуд.
Дар ин замина барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа дар 3 ҳазору 627 ҳолат ашхоси муҷрим ба маблағи 974 ҳазору 572 сомонӣ ҷарима шуданд.
Сифат ва бехатарии маводи сӯзишворӣ низ мавриди таваҷҷуҳи журналистон қарор гирифт. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 озмоишгоҳҳои маҳсулоти нафтии агентӣ дар 2 ҳазору 217 ҳолат 434 ҳазору 739 тонна маҳсулотро аз ташхис гузарониданд. Натиҷа ин аст, ки дар 58 ҳолат 33,3 тонна сӯзишворӣ аз лиҳози нишондоди октанӣ, миқдори сулфур, таркиби фраксионӣ ва ҳарорати яхбандӣ ғайристандартӣ эътироф гардид. Сӯзишвории зикршуда ба тамғаи дигар гузаронида, нисбат ба ҳолатҳои мазкур, тибқи тартиби муқарраргардида, ҷарима таъин гардид.
Иттилоъ гирифтем, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади назорати риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва қонунгузории соҳа дар 916 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ санҷиш гузаронида, 178-тои он бо сабаби риоя нагардидани талаботи муқарраргардида ба маблағи 95 ҳазору 594 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дар доираи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 2020 барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ тавассути низоми «Равзанаи ягона» идома дошта, дар агентӣ ва марказҳои зертобеи он расмиёти сертификаткунонӣ бо риояи талаботи низоми мазкур ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, дар соли ҷорӣ нисбат ба 79 ҳазору 451 тонна меваю сабзавоти содиротӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуд.
Дастоварди дигар он аст, ки дар давраи мавриди назар дар 59 корхонаи ватанӣ низоми менеҷменти сифат ва корҳои сертификатсионӣ ҷорӣ гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23 корхона зиёд мебошад.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»