Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 июли соли равон баргузор шуд, рӯзноманигорон бештар ба пандемияи коронавирус, аз ҷумла, раванди табобат, карантин, фавт ва захираи дорувориву таҷҳизоти тиббӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод, ки аз моҳи май 13074 шаҳрванд зери назорати карантинӣ қарор дода шуданд. Айни замон дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Варзоб ва мавзеи Ромити шаҳри Ваҳдат 815 кат омода шуда, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна аз 450 то 600 нафар ба карантини кӯтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд.
- Бо дарназардошти хурӯҷи такрории беморӣ 53 номгӯй доруворӣ ва 25 намуд маводи худмуҳофизатӣ ва безараргардонӣ захира шудааст. Инчунин, дастраскунии доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ низ дар назар аст, — изҳор дошт номбурда.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»