Аз нишастҳои матбуотӣ

Қариб 35 кило моддаҳои психотропии синтетикӣ мусодира шуд

№95 (4357) 22.07.2021

DSC_5674- Мутобиқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13878 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1585 адад зиёд мебошад. Аз ин теъдод 446 ҷиноят марбут ба маводи нашъадор мебошад, ки дар қиёс ба 6 моҳи якуми соли қаблӣ 89 адад зиёд аст, — гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳид­зода зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин, 187 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардида, 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 116 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, аз ҷониби кормандони агентӣ даҳ шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ 200 кг 593 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла, 3 кг 873 гр героин, 32 кг 554 гр афюн, 127 кг 439 гр ҳашиш, 1 кг 807 гр бангдона ва 34 кг 920 грамм моддаҳои психотропию сахттаъсир, мусодира гардид. Мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар дорад, 34 кг 920 граммро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 кг 545 грамм зиёд мебошад.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар дорухона ва муассисаҳои табобатӣ — профилактикӣ 41 санҷиш гузаронида, оид ба бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида чораандешӣ шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»