- Соли сипаригардида аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 3562 квотаи ҳаҷ ҷудо шуда буд. Барои анҷом додани маносики ҳаҷ асосан шаҳрвандоне сафарбар гардиданд, ки ҳанӯз соли 2020 навбаташон расида, бинобар хурӯҷи бемории сироятии COVID — 19 имкони адои ҳаҷро надоштанд. Арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли 2022 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 ҳазору 520 сомонӣ муайян карда шуд, — гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода.
Зикр шуд, ки арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равон ҳанӯз аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешниҳод нашудааст.
Мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соли 2022-юм 31 ҳазору 175 рейд гузаронида шудааст. Дар натиҷа, 770 ҳолати вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 89 ҳолат зиёд мебошад. Маблағи ҷаримаҳои таъингардида 3 миллиону 450 ҳазору 372 сомониро ташкил медиҳад.
Сулаймон Давлатзода зикр кард, ки тибқи нақша — чорабиниҳои муштарак, ходимони дин якҷо бо кормандони мақомоти дахлдор ба муассисаҳои ислоҳӣ рафта, дар хусуси фазилати ахлоқи ҳамида, пешгирии гароиш ба ҷараёнҳои ифротӣ суҳбатҳо менамоянд.
Инчунин, имом — хатибон ҳамеша дар мавзӯъҳои масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар, ғамхорӣ ба ятимону барҷомондагон, садақаи ҷория ва ғайра ба намозгузорон насиҳат мекунанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»