Аз нишастҳои матбуотӣ

Қарзи давлатӣ. Он ба меъёрҳои муайянгардида мутобиқ аст

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_4092- Соли 2020 идоракунии қарзи давлатӣ дар доираи Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ идома ёфта, 3,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 46,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар ва ба меъёрҳои муайянгардидаи ҳуҷҷатҳои стратегиву тавсияи созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ мутобиқ аст, — гуфт 19 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Каримзода.

Маълум гардид, ки соли гузашта аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 24,9 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,3 млрд. сомонӣ, маориф 4,4 млрд, тандурустӣ — 2,6 млрд, ҳифзи иҷтимоӣ — 3,9 млрд, фарҳангу варзиш — 988,4 млн, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 1,4 млрд, комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 4,5 млрд, кишоварзӣ — 617,7 млн, саноату сохтмон — 171,7 млн, нақлиёт ва коммуникатсия 1,1 млрд. сомонӣ равона шуд.

Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла, пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷетӣ 5,8 млрд. сомонӣ, идрорпулӣ — 90,9 млн, нафақа — 2,9 млрд, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 573,2 млн. сомонӣ пардохт гардид.

- Тадбирандешии бетаъхир шароит фароҳам намуд, ки соли 2020 вазъи макроиқтисодии кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад,- афзуд Ҷамшед Каримзода.

Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ дар сатҳи 100,1 фоизи нақша таъмин гардида, ба он 24,3 млрд. сомонӣ ворид гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки воридоти маблағ нисбат ба нақша 20,3 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба соли 2019-ум 1,1 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 3,6 млрд. сомониро ташкил дода, ба 103 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»