- Соли 2017 афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 7,1 фоиз ва ҳаҷми он ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2016-ум 6,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Даромади ҷории Буҷети давлатӣ соли 2017 100,1 фоиз таъмин гардида, ба он 14,7 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 13,6 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба соли 2016- ум 2 млрд. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт 16 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода.
Номбурда афзуд, ки воридоти даромади дохилии буҷет 9,6 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 243,8 млн. сомонӣ ва назар ба соли 2016- ум 1,1 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, воридоти умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти қарзу грантҳо, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағҳои махсус 19,5 млрд. сомониро ташкил намуда, иҷрои он 100,1 фоиз таъмин гардид. Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозию ғайриандозии дохилӣ 106,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 4,7 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 275,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки соли гузашта 18 шаҳру ноҳия уҳдадориҳои андозиро аз рӯи ҳаҷми умумии даромадҳо таъмин накарданд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 147,4 млн. сомонӣ ворид нагардид.
Хусусияти иҷтимоии хароҷоти Буҷети давлатӣ соли гузашта низ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 9,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла барои соҳаҳои маориф — 3,6 млрд. сомонӣ, тандурустӣ — 1,4 млрд, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 3 млрд. ва фарҳангу варзиш — 754 млн. ва кумаки молиявӣ барои имтиёздорон — 945,5 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Дар ҷумҳурӣ 68 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 млрд. доллари амрикоӣ мавриди амал қарор дошта, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 2,5 млрд. сомонӣ аз худ гардидааст, ки аз ин маблағҳои қарзӣ 1,2 млрд. ва маблағҳои грантӣ 1,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Дар робита ба қарзи хориҷии мамлакат зикр шуд, ки он то 1 январи соли 2018-ум 2,9 млрд. доллари амрикоиро ташкил дода, ба 40,3 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) баробар мебошад.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»