Аз нишастҳои матбуотӣ

Арзиши неруи барқ тағйир наёфтааст

№95 (3889) 07.08.2018

БАркДар нимсолаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли энергияи барқ ба 7 миллиарду 667 миллион кВт/соат, энергияи гармӣ 332,2 ҳазор Гкал баробар шуд, — иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ 2 августи соли 2018 раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Қайд гардид, ки ширкат дар ин давра 1756,3 миллион кВт/соат энергияи барқ харидорӣ кард, ки нисбат ба як соли пеш 445,5 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Ба хориҷи ҷумҳурӣ бошад, дар ин давра нисбат ба як соли пеш 333,4 миллион кВт/соат зиёд ( 940,6 миллион кВт/соат) энергияи барқ содирот гардид.

Дар давоми ним сол аз муштариён 1031,3 миллион сомонӣ маблағи истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ карда, ба 750 муштарии қарздор ба маблағи зиёда аз 73,8 миллион сомонӣ иддао пешниҳод шуд.

Инчунин, ба маблағи 51,18 миллион сомонӣ корҳои таъмирию барқарорсозӣ анҷом ёфт ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019 идома дорад.

Дар мавриди овозаҳо дар бобати баланд шудани арзиши неруи барқ масъулини ширкат иттилоъ доданд, ки ҳанӯз он тағйир наёфтааст. Пешниҳодҳо ҳастанд ва ин масъала мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор дорад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»