Аз нишастҳои матбуотӣ

Авлавият ба корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ

№95 (4835) 31.07.2024

4Зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2024, ки 24-уми июли соли равон баргузор гардид, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода изҳор дошт, ки нақшаи даромади буҷет 110 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 54 миллион сомонӣ маблағ барзиёд ворид гардид.

- Дар ноҳия 157 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳафт корхона зиёд буда, истеҳсоли 34 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ин муддат корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 320 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 39,2 миллион сомонӣ зиёд буда, 114 фоизро ташкил медиҳад,- зикр кард номбурда. — Дар ин давра аз 157 корхонаи истеҳсолӣ 89-тои он истеҳсолро зиёд намуда, дар 33-тои дигар бо сабаби кам гардидани фармоиш ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфт.

 Иттилоъ гирифтем, ки музди миёна дар корхонаҳои саноатӣ 2050 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 133 сомонӣ зиёд мебошад. Дар соҳаҳои гуногун 4037 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 109 ҷои кори нав зиёд аст. Тибқи нақша, соли 2024 боз 5 корхонаи саноатӣ бо 224 ҷойи нави корӣ ба истифода дода мешавад.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»