Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз 1288 хатмкардаи имсолаи ДДТТ 70 кас сазовори дипломи аъло гашт

№85 (3722) 18.07.2017

DSC_0510- Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми апрели соли 2017 барои бунёди бинои маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳи тиббӣ санги асос гузошта шуд. Бунёди бинои 9 — ошёнаи муосири маъмуриву таълимӣ, ки масоҳати умумии он 15900 метри мураббаъ мебошад, барои боз ҳам беҳтар гардидани раванди таълим мусоидат менамояд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат кӯшиш доранд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, натиҷаҳои шоёни таҳсинро ба даст оваранд, — иброз намуд 12 июли соли ҷорӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣ.

Дар солҳои охир донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои таълимӣ ноил гардидааст, ки натиҷаи кӯшишҳои роҳбарият аст. Барои мисол, таҳлили сессияи зимистона нишон, дод, ки миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои «аъло» ва «хубу аъло» супоридаанд, 31,9 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2017 барои иштирок дар имтиҳонҳои хатми давлатӣ ба 1289 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1039 нафар аз факултети тиббӣ, 152 нафар аз факултети стоматологӣ, 67 нафар аз факултети фармасевтӣ, 31 нафар аз факултети НТҶ иҷозат дода шуд. Донишгоҳро дар маҷмӯъ 1288 нафар хатм карданд, ки аз ин ҳисоб 75 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда буданд. 70 нафар соҳиби дипломи аъло шудаанд, ки дар байнашон як шаҳрванди хориҷӣ низ мебошад.

Имсол дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ байни макотиби олӣ қобили таҳсин аст. Онҳо соҳиби як ҷойи 1-ум, як ҷойи 2-юм ва чаҳор ҷойи 3-юм шуданд.

Дар доираи барномаи мубодилаи академикӣ дар донишгоҳ 9 донишҷӯйи курси 4-уми факултети тиббӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда таҳсил менамоянд.

Дар ин давра 23 нафар донишҷӯйи курси 4 аз 5 факултаи тиббии ДДТТ дар Донишгоҳи тиббии Қарағанда ва 9 нафар дар шаҳри Ижевскии Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Соли таҳсили ҷорӣ ба Маркази омодагии қаблӣ 753 шунаванда дохил шуда, онро 749 нафар хатм кардаанд. Аз ин шумора 452 нафар дар курси 8-моҳа, 102 нафар дар курси 4-моҳа ва 165 нафар дар филиали ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсил намудаанд.

Дар гурӯҳи шунавандагони хориҷӣ 4 нафар (2 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1 нафар аз Афғонистон ва 1 нафар аз Туркманис­тон) таҳсил доранд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»