Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз 30 декабри соли 2020 гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст

№22 (4284) 18.02.2021

Ваз танДар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 феврали соли равон баргузор гардид, қисми бештари саволҳои рӯзноманигорон вобаста ба COVID-19 буд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тасдиқ намуд, ки аз 30 декабри соли 2020 дар мамлакат ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

- Метавон дар асоси ташхисҳои лабораторӣ ин суханро тасдиқ кард. Дар давраи авҷи беморӣ ҳар рӯз зиёда аз 200 нафар аз ташхис мегузаштанд ва дар аксари онҳо нишонаҳои беморӣ мавҷуд буданд, — гуфт вазир.

Зикр гардид, ки аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ 13308 нафар гирифтори бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 99,3 дарсад сиҳат ёфтанд. Қисми бештари беморон дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда, теъдодашон 4300 нафарро ташкил намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 1 миллиону 800 ҳазор нафар эм карда мешаванд. Дар мадди аввал кормандони соҳаҳои тиб, маориф, гирифторони бемориҳои музмин ва ашхоси аз 50 — сола боло ваксина мегиранд. Алҳол мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия масъалаи дастрас кардани ваксинаи «Спутник V»- ро баррасӣ доранд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»