- Даромади сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба 2 миллиарду 77 миллиону 773 ҳазору 788 сомонӣ расид. Шумораи муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъд аз дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» 7,8 миллион нафарро ташкил дод, ки 4,8 миллиони он фаъол мебошанд, — гуфт дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июл муовини сардори ниҳоди мазкур Аҳлиддин Муртазозода.
Номбурда иттилоъ дод, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023-юм 57 стансияи базавӣ насб шуда, 148,28 километр хати нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет кашида шуд. Ҳамзамон, замимаҳои бонкинги мобилӣ дар смартфонҳо фаъол гардидаанд.
Ширкатҳои бахши хусусии соҳаи алоқаи барқӣ аз тамоми имтиёзҳои мавҷуда бархӯрдор буда, фаъолияти техникӣ ва молию иқтисодии худро бидуни монеа амалӣ намуда истодаанд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Хадамоти алоқа 51 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, ба 39 адади он ҷавобҳои мушаххас дода шудааст. Илова бар ин, дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 8 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ 195,7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
ВОРИС,
«Садои мардум»