- Камбуди омӯзгорон дар мактабҳои миёна эҳтиёҷ аст. Яъне, дар муассисаҳои таълимӣ пурра муаллимон ба кор таъмин гардидаанд, вале ғайритахассус ҳастанд. Вобаста ба ин масъала, соли гузашта дар назди вазорат ситоди махсус ташкил шуд, ки мушкили мавҷударо дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳем кард, — гуфт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ дуюми феврали соли ҷорӣ.
Номбурда шумораи дақиқи норасоӣ ё эҳтиёҷи омӯзгоронро дар муассисаҳои таълимӣ нагуфт, вале чанд рӯз пеш дар суҳбати телефонӣ аз маркази матбуоти вазорат ба мо хабар доданд, ки ҳоло дар мактабҳои миёнаи кишвар 3434 омӯзгор намерасад. Ҳоло дар кишвар 3967 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 126 ҳазору 354 нафар, аз ҷумла 81 ҳазору 822 нафар занон, фаъолият мекунанд.
- Ҳамасола бо маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва шахсони алоҳида тахминан 200 муассисаи таълимиро ба истифода медиҳем ва соли 2022-юм 22 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 7-то дар шаҳри Душанбе, 7-то дар вилояти Суғд, 6-то дар вилояти Хатлон ва 2-то дар ноҳияҳои тобеи марказ ба истифода дода шуд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 707 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, — афзуд Раҳим Саидзода.
Н. НИЗОМӢ, Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»