Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз сомонаи Маркази миллии қонунгузорӣ 6 000 000 нафар истифода бурданд

№89 (4195) 23.07.2020

DSC_5957- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баррасии лоиҳаҳои Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» ва «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав ба роҳ монда шуд, — гуфт директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло дар нишасти матбуотӣ, ки 20 июл баргузор гардид.

Ҳамчунин, кормандони Марказ дар таҳияи лоиҳаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав иштирок доранд.

- Дар Марказ, ки муассисаи илмӣ — тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ маҳсуб меёбад, ҳамчунин, 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардид, — афзуд номбурда.

Зикр гардид, ки кормандони Марказ бо мақсади баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбату мулоқот доир намуданд. Тайи нимсолаи аввал ба Марказ 45 муроҷиати шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ворид гардид, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ ва ба муаллифон ҷавоб гардонида шуд. Аз сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузорӣ 6000 000 нафар ҷиҳати даст­рас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода бурдаанд.

Назар ба қавли директори Марказ, дар нимсолаи якуми соли 2020 бо ташаббуси кормандон ду конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзӯъҳои «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо» ва «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ», инчунин, 10 семинар ва суҳбатҳои гирди миз гузаронида шудааст.

Саидзода Иззатулло Ҳабибулло қайд кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммал, мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 226 таклиф пешниҳод шуд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»