Аз лаҳзаҳои аввали сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода пай бурдан душвор набуд, ки азми номбурда ҷиҳати беҳбудӣ бахшидани раванди фаъолият, ифшову рафъи камбудиҳо, тақвият бахшидани интизоми меҳнат ва решакан намудани коррупсия қавӣ аст. Нишасти матбуотии ниҳоди фавқ, ки 18 июли соли равон бургузор шуд, аз лиҳози баргузорӣ ва муоширати озоду ошкоро қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш аст. Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ баҳисобгирии давлатии масоҳати заминҳо, корҳои заминсозӣ, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳ, бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шудаанд. Зикр шуд, ки аз ҷониби кумита ҳисобот оид ба масоҳати замин ва тақсимоти он ба гурўҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон ҷамъбаст гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 тасдиқ шудааст. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки раванди ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида низ таҳти назорат қарор дошта, соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 1255,0 гектар замин аз тарафи ҶДММ «Иттиҳоди аграрии водии заррин» ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд.
Бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода, аз соли 2010 то соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 29375,67 гектар замин ба эҳтиёҷмандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, то ин вақт 18179,13 гектари он тақсим шудааст, ки 61,9 фоизро ташкил медиҳад. Риояи қонунгузории замин дар раванди саволу ҷавоб мадди назари журналистон буд. Дар робита ба ин, зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 ин раванд боз ҳам пурзўртар шуда, 7024 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид. Ҳамардиф бо ин, барои бартараф намудани ҳолатҳои нақзи қонунгузории замин нисбат ба 6576 ҳолат дастур ироа шуда, дар робита ба 4828 ҳолат протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Нисбат ба 4828 ҳолат муҷозот дар намуди қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 21 млн. 476 ҳазору 680 сомонӣ қабул шуд. Ҳамкориҳо дар самти мазкур бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар сатҳи хуб қарор дошта, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 305 мавод ба мақомоти прокуратура, 374 мавод барои таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол шуд. Ба шарофати масъулиятшиносии кормандони кумита ва зерсохторҳои он 4479 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар 3495,81 гектар замин, аз он ҷумла 2112,34 гектар заминҳои корами обӣ, 466,37 гектар замини корами лалмӣ ва 390,15 гектар дигар намуди замин бартараф гардид. Айни замон дар ҷумҳурӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 166117 ададро ташкил дода, як қисми онҳо бо Сертифакати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шуда, ин раванд муттасил аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»