- Моҳи январи соли 2021 маҷаллаи бонуфузи Шоҳигарии Британияи Кабир «The travel magazine» дар бораи мавзеъҳои ҷаззоб ва дилрабои сайёҳии Тоҷикистон мақола нашр намуд, ки аз рӯи арзёбии он Тоҷикистон дорои имкониятҳои фарохи сайёҳӣ буда, баъзеи он, аз ҷумла, Қаълаи Ямчун ва шаҳри қадимаи Панҷакент, ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар нишасти матбуотие, ки 26 июли соли 2021 баргузор гардид, баён кард.
Маълум гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият ёфта, грант аз Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 30 миллион доллар ва аз Бонки осиёии рушд ба маблағи 10 миллион доллар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ» ҷалб гардид.
Аз ибтидои таъсиси кумита созишномаҳои ҳамкорӣ бо 9 мамлакат, аз қабили Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри — Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Қувейт, Франсия ва Конфедератсияи Швейтсария ба имзо расид.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 125, 3 ҳазор нафар сайёҳ арзёбӣ гардиданд. 281 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ва 226 ширкати сайёҳӣ амал карда, дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ 2972 нафар донишҷӯ аз рӯи 15 ихтисоси ба соҳа рабтдошта ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, бо қарори Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ба 15 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»