Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои дахлдор риоя нагардидани 671 банди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар корхонаю иншооти зериназоратӣ ошкор шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 933 банд кам мебошад. Ин нуктаро сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим 23 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида 123 санади маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аз ин миқдор 26 санад оид ба боздошти кор мебошад.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 158 назорати техникӣ гузаронида шуд. 136 роҳбар ва шахси масъули корхонаҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 285844 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
- Дар аксари корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ, риоя накардани дастурамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагузоштани иншоот ошкор карда шуд, — гуфт Санъат Раҳим.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»