Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба бозор дар шаш моҳ 135 тонна рустании ғизоӣ бароварда шуд

№95 (4515) 29.07.2022

3Коршиносони соҳаи биология ҷангалро «шуши сайёра» мегӯянд, зеро ҷангал дар кам кардани газҳои парникӣ, тоза кардани ҳаво ва ҳифзи манбаъҳои об аҳамияти калон дорад.

Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода 27 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бунёди ҷангал дар 584,8 гектар ва барқароркунии он дар 1155,1 гектар иҷро гардид. Инчунин, дар 443,8 гектар пурракунии зичии ниҳолҳо гузаронида шуд.

- Тайи нимсолаи аввали соли равон 52 ҳазору 839 бех ниҳоли дарахту буттаҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда, аз қабили санавбар, туя, айлант, акатсия, қарағоч, дроки испанӣ, бодоми талхдона, шулаш, олучаи кӯҳӣ, булут ва дигар анвои ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ шинонида шуда, нарм кардани бехи ниҳолҳо, мулчиронӣ намудан бо мақсади нигоҳ доштани намӣ ва қисман обмонӣ амалӣ шуд, — гуфт Абдуҷаббор Юсуфзода.

Зикр гардид, ки рушди хоҷагии ҷангалро бе мавҷудияти ниҳолхонаҳо тасаввур кардан номумкин аст. Ҳоло дар тобеияти агентӣ панҷ корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, як минтақаи ҷангалпарварӣ ва зиёда аз 40 ниҳолхонаҳои хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, ҳоло дар онҳо парвариши зиёда аз 2 миллиону 761 ҳазору 900 бех ниҳоли дарахтони гуногун ба роҳ монда шудааст, ки аз онҳо 547 ҳазору 520 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошанд.

Иттилоъ гирифтем, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани истифодаи захираҳои ҷангал чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Чунончи, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби агентӣ зиёда аз 135 тонна рустаниҳои ғизоӣ ва хӯрданибоб, ба монанди чукрӣ, сиёҳалаф ва ғайра ба бозор пешниҳод карда шуд. Бо мақсади таъмини чорво бо хошоки дурушт дар мавсими зимистони солҳои 2022 — 2023 зиёда аз 644 тонна алафи табиӣ тайёр шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»