Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба фаъолият пардохтани 181 коргоҳи истеҳсолӣ

№24 (4764) 21.02.2024

DSC_933016-уми феврал оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2023 нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод, ки бо назардош­ти тадбир­андешиҳои зарурӣ дар давраи мазкур тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии дохилӣ дар ин давра ба 26,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоиз ва саҳми он дар ММД 20,2 фоизро ташкил дод.

Дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ дар пойтахт пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора то 1-уми декабри соли 2023-юм 42 корхона бо таъсиси беш аз 3,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар давраи мавриди назар дар шаҳри Душанбе 181 коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 7447 ҷойи нави корӣ ба фаъолият пардохтанд.

Ба ин монанд, дар дигар самтҳои хоҷагии халқ низ муваффақияту пешравиҳои ҷиддӣ, ободу зебо гардидани кӯчаю хиёбонҳо, бунёди биноҳои замонавии истиқоматӣ, фарҳангию маъмурӣ, болоравии сатҳи хизматрасонӣ дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасанд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»