- Соли 2018 дар шаҳри Ваҳдат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,1 баробар, корҳои пудратӣ 4,1 фоиз, гардиши чаканаи мол-89,5 маҳсулоти умумии кишоварзӣ-7,8, истеҳсоли моҳӣ-3 фоиз ва маблағгузории корҳои сохтмонӣ 2,1 баробар афзоиш ёфт. Танҳо ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 0,2 фоиз кам гардид, — гуфт раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир 4 феврали соли 2019 зимни нишасти матуботӣ.
Қайд гардид, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 125 миллиону 735340 сомонӣ 118 миллиону 207992 сомонӣ ё 94,0 фоиз иҷро шуд, ки аз нақша 7 миллиону 527418 сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷет ба ҷойи 135 миллиону 576420 сомонӣ 128 миллиону 237508 сомонӣ ё 95,0 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиону 338612 сомонӣ кам аст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 60 миллиону 556315 сомонӣ ё 115,0 фоизи нақшаро ташкил дод.
Сабаби асосии иҷро нагардидани қисми даромад ва баромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи иқтидор фаъолият накардани ду корхонаи калони истеҳсолӣ — ҶДММ «Ганҷ» ва ҶДММ «Тоҷ — Чайна — 2013» арзёбӣ шуд. Новобаста аз ин ҳолат, музди меҳнати буҷавӣ, андози иҷтимоӣ ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда таъмин карда, ҳама гуна қарзҳо аз байн бардошта шуданд.
Амирзода Раҳмоналӣ Амир иброз дошт, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии САҲШ, Кумитаи идораи замин, ду бинои ташхисию табобатӣ, 14 бинои панҷошёна ва 3 бинои 13 — ошёнаи истиқоматӣ бомаром ҷараён дорад. Тибқи нақша ин иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, дар зиёда аз 500 иншооти дигари таъиноти гуногун бунёд ва азнавсозӣ мегарданд.
Соли гузашта аз ҷониби кормандони Кумитаи идораи замини шаҳр 215 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 37 гектар ошкор ва нисбат ба 182 нафар барои рӯёнидани 77,6 ҳазор сомонӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суд ва Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ирсол гардид.
- Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 ба минтақаи истироҳатию сайёҳии Ромит 102 ҳазор нафар, аз ҷумла, 4384 нафар сайёҳи хориҷӣ, ташриф овардаанд, — гуфт Раҳмоналӣ Амирзода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»