Муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ки дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд соли 2016-ум 5163 санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 17777 санади эътиноӣ татбиқ ва 9 928 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуд. Дар ин робита, 18831 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2506 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
- Дар рафти назорати риояи қонунҳо вобаста ба фаъолияти бонкӣ 39 млн. сомонӣ ва 2 млн. доллари ИМА барқарор, оид ба рӯёнидани 34 млн. сомонӣ ва 5 млн. доллари ИМА қарзҳои бонкӣ ба судҳои иқтисодӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардид. Ҷиҳати рӯёнидани бақияпулиҳои андоз гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, 40 млн. сомонӣ бақияпулиҳо ва дар умум, 218 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид карда шуд, — афзуд Ҳотам Назарзода. Дар самти риояи қонунгузории замин муовини якуми прокурори генералӣ зикр кард, ки 435 санҷиш гузаронида, марбут ба онҳо санадҳои эътиноӣ бароварда шуд. Дар натиҷа, 3090 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида, 890 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 11 296 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Муфаттишони прокуратураҳои ҷумҳурӣ тафтиши 3695 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонда, 3079 парвандаро ба суд ирсол намудаанд.
Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»