Рӯзҳои охири моҳи январ дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши шиддатноки барф ба амал омада, ба соҳаи роҳу нақлиёт беасар намонд. Бар асари тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳаракати нақлиёти автомобилӣ халал ворид гардид ва мутаассифона, боиси талафоти ҷонӣ ҳам шуд. Ин мавзӯъ дар нишасти матбуотие, ки 30 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор дошт.
Барои бартараф кардани оқибати офати табиӣ, тоза кардани роҳ ва ба роҳ мондани ҳаракати мунтазами нақлиёт чораҳо андешида шуда истодаанд. Ситоди махсус таъсис ёфта, техникаву таҷҳизоти зарурӣ ва коргарон сафарбар шуданд. Дар масири Душанбе — Хуҷанд филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшинз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техникаҳои пуриқтидор фаъолияти пурмаҳсул дорад. Вобаста ба вазъияти баамаломада ба ширкатҳои ҳавоӣ супориш шуд, ки ба самти Хуҷанд парвозҳои иловагиро анҷом диҳанд, — гуфт вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода. Сипас, Худоёр Худоёрзода оид ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ҳарф зада, иттилоъ дод, ки ҷиҳати таъмини ин ҳадафи муҳим соли гузашта 19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиарду 618,1 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошт. Дар ин давра 98,5 километр роҳи автомобилгард, 18 пул, 40,7 километр хати роҳи оҳан, 3,7 километр нақб сохта шуд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод – Шоҳон бо масофаи 40,7 километр ба анчом расид
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»