Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба шахсони зарардида маблағи суғуртавӣ пардохт шуд

№99 (4682) 07.08.2023

СУГУРТА (4)- Бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии корхона хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ, ба роҳ мондаанд,- гуфт директори КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода дуюми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Корхона дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмӯъ 250 ҳазору 465 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонида, аз ҳисоби шартномаҳои басташуда ба корхона 21 миллиону 217,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақшаи нимсола 122,3 фоиз таъмин карда шуд.

Аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда 14 ҳазору 884 адад ба маблағи 1 миллиону 890,3 ҳазор сомонӣ ё 8,9 фоизи маблағи умумии воридгардида ба шакли ҳатмии суғурта ва 235 ҳазору 581 адад ба маблағи 19 миллиону 326,5 ҳазор сомонӣ ё 91,1 фоизи маблағи умумии воридгардида ба шакли ихтиёрии суғурта рост омада, нақшаи пешбинишуда аз рӯи шакли суғуртаи ҳатмӣ 59,5 фоиз ва аз рӯи шакли суғуртаи ихтиёрӣ 136,1 фоиз таъмин карда шуд.

Корхона дар нимсолаи аввали соли 2023 ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 1 миллиону 587 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки аз ин 16,5 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 1 миллиону 57,0 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.

Дар ин давра корхона ба буҷет дар маҷмӯъ 4 миллиону 818,0 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 1 миллиону 338 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Корхона барои нимсолаи дуюми соли 2023 нақшаи воридоти ҳақи суғуртавиро аз рӯи ҳамаи намудҳои суғурта дар ҳаҷми 17 миллиону 352,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз рӯи шаклҳои суғуртаи ҳатмӣ 3 миллиону 162,0 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи шаклҳои суғуртаи ихтиёрӣ 14 миллиону 190,0 ҳазор сомонӣ, муқаррар намудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»