Ҳафтуми августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ рӯзноманигорон вобаста ба вазъи бади роҳи Қурбоншаҳид то деҳаи Гулистон, ки моҳияти байналмилалӣ дорад ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани пули мошингузаре, ки мусофиронро аз самти Кӯлоб ба ноҳияи Восеъ ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мепайвандад, суол гузоштанд.
Зимни ҷавоб ба ин саволҳо Қурбон Ҳикматуллоев, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Восеъ чунин гуфт: «Ин роҳ аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сохта мешавад. Аз вазъи роҳ ва купруки мошингузар, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, худи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ муҳтарам Азим Иброҳим огоҳ ҳаст ва зери таваҷҷуҳи ӯ қарор дорад. Дар назар аст, ки роҳи Қурбоншаҳид то деҳаи Гулистон то моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра мумфарш карда мешавад. Ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»: — «Нақшаи кишти такрорӣ чанд фоиз иҷро шуд?, фасли зимистон чанд гектар токзорҳои ноҳияро сард зад?, Чанд нафар ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта бо кумакпулӣ таъмин гардиданд?» раиси ноҳия — Ҷамшед Шарифзода чунин ҷавоб дод: «Алҳол дар ноҳияи Восеъ 465 гектар боғу токзор мавҷуд мебошад, ки аз ин рақам анқариб 50 фоизи токзори ноҳияро дар фасли зимистон сард зад. Вобаста ба саволи сеюм сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ Далер Миралиев гуфт, ки ба беш аз 100 нафар ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва 2 нафар шаҳрвандони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба маблағи 67 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 101 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 76 миллиону 630 ҳазору 640 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар идомаи нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ҳамзамон аз вазъи бади партовгоҳи ғайриқонуни ноҳия, кишт нашудани заминҳои корами обӣ бади ҳосили якум дар ҷамоати Худоёр Раҷабов, тул кашидани сохтмони лоиҳаи обтаминкунӣ дар маркази шаҳрак ва тамбашавии нақлиёт дар назди бозорҳои ноҳия изҳори нигаронӣ карданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»