- Дар нимсолаи якуми соли 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи 9 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, ба 29 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз мақомоти давлатӣ воридшуда хулоса пешниҳод намуд, — гуфт директори Агентии мазкур Ҷумъа Давлатов 30 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфти ӯ, то 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ 19176 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 4486 нафар зан, 9199 ҷавони то 35-сола мебошанд. Синни миёнаи хизматчиёнии давлатӣ 37,3 солро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки дар баъзе аз вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешавад.
- Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки дар заминаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) тақвият ёфта, шумораи бурсияҳо дар курсҳои магистрии донишгоҳҳои Япония барои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуданд.
Инчунин, барои солҳои таҳсили 2021 — 2023 ба магистратураи донишгоҳҳои Япония аз 62 нафари ҳуҷҷатсупорида 15 кас комёб гардида, моҳи сентябри соли равон фиристода мешаванд, — изҳор дошт Ҷумъа Давлатов.
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон 29 июни соли 2021 Ёддошти тафоҳум байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид. Тибқи он, минбаъд табодули таҷриба ва иттилоот дар соҳаи хизмати давлатӣ, таҳияи механизмҳои ҳавасмандгардонӣ барои хизматчиёни давлатӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии мутахассисони хизмати давлатӣ тавсеа меёбад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ
«Садои мардум»