Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба зилзила тобоварии биноҳо зери назорати қатъист

№23 (4606) 10.02.2023

МЕЪМори (1)Раиси Кумитаи меъморӣ ва ­сох­т­­мони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ҳаштуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар пасманзари зилзилаи шадиди дар Туркия ва Сурия рухдода дар назди Раёсати экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ озмоишгоҳи мехсутунҳоро таъсис доданианд.

- Вазифаи аввалиндараҷаи озмоишгоҳ санҷиши мехсутунҳои иншоот мебошад. Баъд аз эътимод ҳосил намудани тобоварӣ ба зилзила иҷозати сохтмон дода мешавад. Қисмати поёнии аксар биноҳои шаҳри Душанбе аз мехсутунҳо иборатанд. Ин имкон медиҳад, ки биноҳо ба зилзилаҳои сахт тобовар бошанд, — гуфт Низом Мирзозода.

Зикр гардид, ки соли 2015 дар пойтахт зилзилаи аз 6 бал зиёд ба қайд гирифта шуда буд. Комиссияи таъсисдода муайян кард, ки дар қисмати поёнии ду бинои навсохти 20 — ошёнаи шаҳри Душанбе каме андоваашон рехта, қисмати асосии биноҳо осеби ҷиддӣ надидаанд. Зеро ба зилзила тобовар будани биноҳо ҳамеша зери назорати қатъӣ аст.

Таъкид шуд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав вусъат дода, мақсад дорад дар сохтмон аз маҳсулоти ватании каммасраф истифода намояд. Зимни тарҳрезии лоиҳаи биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва таълимӣ сарфаи энергия ҳатман ба назар гирифта мешавад.

Солҳои пеш дар яке аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо мақсади гарм нигоҳ доштани биноҳо дар фасли зимистон аз полистирол истифода шуд. Бартарии полимери мазкур дар он аст, ки ба кислотаю ишқор ва пайвастагиҳои спиртдор тобовар буда, нархаш арзон ва бебӯй мебошад.

- Мо хавфи оташангез доштани полистирелро ба назар гирифта, истифодаи онро манъ кардаем. Минбаъд барои баланд бардоштани энергиясамаранокии биноҳо аз усулҳои муосир ва бехатар истифода мебарем, — иброз намуд Низом Мирзозода.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»