- Кумита бо мақсади таъмини зилзилатобоварии биною иншоот, пас аз ҳодисаи дар давлатҳои Туркия ва Сурия рухдода, барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Россияро таъсис дод. Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ, тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад, — гуфт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода, 2-юми августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ.
Номбурда афзуд, ки мақсади асосии санҷиш, муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад.
Чун яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумитаи мазкур таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал аст, масъулин иттилоъ доданд, ки айни замон, 65 маркази шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд.
Зикр гардид, ки тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияи Вахш аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» пурра ба анҷом расида, ҳоло дар мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Бо мақсади иҷрои дастуру тавсияҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳоло лоиҳаҳои муфассали банақшагирии 19 минтақаи алоҳидаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ пас аз такмилдиҳӣ ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шакли чопӣ ва электронӣ ирсол гардида, тибқи тартиби амалкунанда, пас аз баррасӣ дар Шӯрои шаҳрсозии кумита ба шаҳрдорӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар ин росто, гуфта шуд, ки кумита нисбат ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии тасҳеҳталаб ва муҳлати амалашон ба охиррасида чораҳои дахлдор андешида, аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» лоиҳаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, шаҳрҳои Норак ва Леваканд, қисми марказии шаҳри Хоруғ таҳия гардид.
Айни ҳол таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳрири нав, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Исфара, Бӯстон, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Сангвор, Хуросон, Муъминобод, Ҷайҳун, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, қисматҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат идома доранд.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»