- Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4770 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 78 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 678 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 2566455 нафар донишҷӯ, хонанда ва тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, — зикр кард директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода 17 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, гуфт, ки дар давраи сипаришуда 48 муассисаи таълимии таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуда, ба 83 муассиса барои ташкили ихтисосҳои нав ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ пас аз санҷиш иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд.
- Тибқи нақшаи корӣ, соли сипаришуда 3 ҷаласаи мушовараи навбатию ҷамъбастӣ бо баррасии 120 масъала доир гардида, оид ба натиҷаи 48 аттестатсия, 12 аккредитатсия, 21 иҷозатномадиҳӣ, 5 санҷиши рафти иҷрои қарорҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигар қабул гардид, — афзуд директори агентӣ.
Бино ба қавли ӯ, тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе ба Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе табдил дода шуданд, ки иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии онҳо аз нав ба расмият дароварда шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»