-Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор андешид. Дар нимсолаи якуми соли 2023 кормандони мақомот 21 492 мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин шумора 20 427 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ 4 августи соли равон сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода.
Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 16 043 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 62,8 миллион сомонӣ, 142,2 ҳазор доллари ИМА, 146 рубли Федератсияи Россия ва 13,3 миллион рубли Ҷумҳурии Белорус таъмин гардидааст. Аз ин шумора ба манфиати давлат 10 580 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, 31,8 миллион сомонӣ ситонида шудааст. Ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 280 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ, аз ин 68,1 ҳазор доллари ИМА, 146 рубли Федератсияи Россия ва 13,3 миллион рубли Ҷумҳурии Белорус мебошад, руёнида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони воқеӣ бошад 167 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ ва 74,1 ҳазор доллари ИМА рӯёнида шудааст.
-Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти иҷро 5 612 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 91 780 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дошта, ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 19,9 миллион сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд. Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 399 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Бо пешниҳоди иҷрочиён нисбати 392 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.- иброз намуд Барно Саидвализода.
Таъкид гардид ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар сохтори Хадамоти иҷро феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ ташкил шудааст ва айни ҳол ба он 823 шахсони воқеӣ ва 33 шахсони ҳуқуқӣ шомил мебошанд.
Зикр гардид, ки дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро 233 шаҳрванд оид ба масъалаҳои иҷрои санадҳои судӣ дар ситонидани маблағи алимент, маскун намудан ва ситонидани маблағҳои қарзӣ қабул карда шуда, барои ҳалли ин муроҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»