Барои тавсеаи фаъолият 3 млрд. 190,7 млн. сомонӣ харҷ гардид

№ 16.08.2023

ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ (1)– Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то оғози соли хониши 2023-2024 таъмин намудани хонандагони муас­сисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ бетаъхир тадбирандешӣ гардида, истеҳсоли либоси мактабӣ 1,79 миллион ҷуфтро ташкил дод, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ (ҳафтуми августи соли равон) вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир.

Муҳим он аст, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса ба ҳамин марҳилаи соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ афзудааст. Корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва пилла, бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ моҳҳои январ-июни соли 2023 ба маблағи зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 7,3 фоизро ташкил дод.

Дар ҷумҳурӣ 24,5 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 133,0 фоиз таъмин гардид. Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта 11,3 ҳазор тонна рес­мони пахтагӣ истеҳсол гардида, дар коргоҳҳои бофандагӣ истеҳсоли ин намуди матоъ зиёда аз 12 млн. метри мураббаъро ташкил дод.

Бино ба гуфти вазир, аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ ба маблағи 201,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли қаблӣ 4,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Шоистаи зикр аст, ки аз маҳсулоти истеҳсолшуда 77 фоиз ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Маълумоти дигари ҷолиб истеҳсол гардидани зиёда аз 4,2 млн. ҷуфт ҷӯроби пахтагӣ, 2,7 млн. метри мураббаъ қолин ва мебел ба маблағи 38,4 млн. сомонӣ мебошад.

Дар давраи мавриди назар аз маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 61,4 дарсад ба саноати коркард, 20,4 фоиз ба саноати истихроҷ, 17,8 дарсад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 0,4 фоиз ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партов рост меояд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гуфт, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 489 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе — 141, вилояти Хатлон — 83, Суғд — 162, ВМКБ — 6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 97 адад мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 2400 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Қобили зикр аст, ки дар корхонаҳои нав аллакай ба маблағи 115,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.

Қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш аст, ки дар ин давра барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ 3 млрд. 190,7 млн. сомонӣ маблағи корхонаҳо ва сармояи хориҷӣ харҷ гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 833,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»