Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии 1950 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

№19 (4439) 10.02.2022

DSC_0137+++3 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) Умед Бобозода иброз дошт, ки соли 2021 фаъолияти мақомот тақвият ёфта, як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, зиёда аз 1950 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 150 машварати сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 7500 шаҳрванд баргузор гардид. Ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар шаш мурофиаи судӣ таъмин карда шуд.

- Айни замон дар шаш шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва се қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ фаъолият менамояд. Соли 2021 дар онҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ 1312 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки 138 муроҷиат хаттӣ ва 1174 муроҷиат шифоҳӣ мебошанд, — гуфт У. Бобозода.

Ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо зиёда аз 70 санҷишу мониторинг ва боздидҳо анҷом дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ ба 35 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардид.

Соли сипаришуда дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ВҲИ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи «Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026» ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №565 аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шуд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»