Баррасии 3253 парванда аз ҷониби судҳои иқтисодӣ

№ 06.02.2025

Соли 2024 судҳои иқтисодии марҳилаи якум, кассатсионию назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ 3253 парвандаро баррасӣ намуданд, ки доир ба онҳо 1716 ҳалномаи судӣ қабул гардида, 136 парванда қатъ, 162 ариза бебаррасӣ, қабули 17 ариза рад, 3 парванда ва 2 ариза аз рӯйи тобеияти судӣ барои баррасӣ ирсол гардиданд, -иттилоъ дод раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

 Зикр гардид, ки дар марҳилаҳои кассатсионӣ 355 парванда, назоратӣ 295 парванда ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ 7 парванда баррасӣ гардида, зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ба судҳои иқтисодӣ 4 миллиону 270 ҳазору 666 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт шудааст.

Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ ба маблағи 416 миллиону 64 ҳазору 477 сомонӣ даъво пешниҳод ва аз он 207 миллиону 530 ҳазору 951 сомонӣ қонеъ шудааст. Иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва зарару қарз ба маблағи 305 миллиону 821 ҳазору 394 сомонӣ таъмин гардидааст.

М. ЗОКИР,

 «Садои мардум»