Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии 3568 парвандаи иқтисодӣ

№23 (4606) 10.02.2023

CTX_2662++Ҳафтуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода оид ба натиҷаҳои солонаи судҳои иқтисодии кишвар маълумот дод.

- Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ, дар маҷмӯъ, 3568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардид. Аз ин шумора бештарашон ба масъалаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷудо кардани саҳмияҳои замин ва рӯёнидани маблағҳои соҳибкорӣ марбут мебошанд, — иброз дошт Рустам Мирзозода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 4 миллиону 388 ҳазору 8 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли қабл 1 миллиону 880 ҳазору 161 сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки доир ба рӯёнидани маблағҳои даъво дар ҳамин давра ба маблағи 884 миллиону 415 ҳазору 775 сомонӣ талаби даъво қонеъ гардида, 19 миллиону 425 ҳазору 27 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 15 миллиону 452 ҳазору 465 сомонӣ зиёд мебошад.

- Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои санадҳои судӣ дар маҷмӯъ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва маблағҳои даъво бо дарназардошти боҷи давлатии пешпардохт ҷамъ ба маблағи умумии 220 миллиону 269 ҳазору 759 сомонӣ таъмин гардид, ки дар муқоиса бо соли 2021-ум 122 миллиону 559 ҳазору 989 сомонӣ зиёд мебошад, — афзуд номбурда.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»