- Соли 2021 аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 144554 парванда ва дархосту пешниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, — иброз намуд раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 2 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд:
- Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум парвандаҳои гражданӣ 13031 адад, парвандаҳои оилавӣ — 49296, парвандаҳои ҷиноятӣ — 10942, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ — 44218, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ — 7596 ва пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо 10512 ададро ташкил доданд. Дар марҳилаҳои кассатсионию назоратии судҳои болоӣ 7944 санади судӣ аз рӯи шикояту эътирозҳо мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Оид ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 681 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 681 нафар баррасӣ шуда, аз ин теъдод нисбат ба 668 нафар ҷарима ба маблағи умумии 3096502 сомонӣ татбиқ гардидааст. Аз 13302 адад парванда нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки ба судҳо ворид гардиданд, дар маҷмӯъ нисбат ба 5327 нафар ҷазои огоҳӣ таъин гардида, 6518 нафар ба маблағи умумии 1116275 сомонӣ ҷарима гардидаанд.
Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки дар содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, соли 2021 судҳо 22773 таъиноти хусусӣ бароварда, барои ҷораҷӯӣ ирсол намудаанд.
- Бо дарназардошти натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2021 роҳбарияти Суди Олӣ барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти судӣ чораҳо андешида, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, — изҳор намуд Ш. Шоҳиён
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»