Аз нишастҳои матбуотӣ

Бекоршавии ақди никоҳ бештар гардид

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

Музаффар- Дар давраи мавриди назар сабти никоҳ кам ва бекор кардани он зиёд шудааст. Ба ин хотир кормандони мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандиро вазифадор кардем, ки баробари пешниҳоди аризаи шаҳрвандон бо онҳо доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд ва ба ин васила, ба проблемаи пошхӯрии оилаҳо монеъ гарданд. Зеро тавре таҷриба нишон медиҳад, сабаби асосии барҳам хӯрдани оилаҳо надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошад, — иброз дошт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён 14 июли соли равон дар нишас­ти матбуотӣ.

Иттилоъ гирифтем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 30 266 ҳолати сабти никоҳ ва 7265 ҳолати бекор кардани никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта шумораи бастани ақди никоҳ 32 489 ва  бекор кардани ақди он 6476 ҳолатро ташкил дода буд.

Масъулини Вазорати адлия иттилоъ доданд, ки тақрибан 80 фоизи бекоршавии ақди никоҳ дар судҳо мегузаранд, зеро дар аксар ҳолат нофаҳмиҳои зиёд миёни тарафайн пайдо мешаванд. Дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 8 ҳазор кӯдак бо яке аз волидон мондаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҷумҳурӣ сабти таваллуд 111 537 ва сабти вафот 16 375 ҳолатро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 таваллуд 6 фоиз зиёду вафот 5 фоиз кам шудааст.

Зикр гардид, ки дар умум аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ 219 988 санад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 375 ё 2 фоиз зиёд аст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»