Аз нишастҳои матбуотӣ

Бемории буғумдард ва ташхиси 181282 сар чорво

№ 21.07.2022

Kumitai-behatarii-ozukavori   Кумитаи  бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокаворӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба роҳ монда,  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, — гуфт раиси он Муҳаммадсаид  Файзуллозода дар нишасти матбуотие, ки 19 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.

    Зикр гардид, ки баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ нисбат ба бемории буғумдард 181282 сар чорвои калони шохдор санҷида шуд. Дар 236 сар беморӣ муайян шуд, ки 190 сари он  тибқи дастурамали мубориза бар зидди бемории брутселлёз забҳ гардиданд. Оид ба иҷроиши корҳои инспексионии байторӣ 800  амр ва 1815 санад ва нисбат ба 1001 нафар протоколҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб 196729 сомонӣ ҷарима ба буҷети давлат ворид шуд.

     Дар давраи мавриди назар аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ  562368  ташхиси маҳсулоти  озуқаворӣ гузаронида шуда, 27661 кг маҳсулоти гӯштӣ, 6380 литр маҳсулоти ширӣ, 846 литр равғани растанӣ, 17017 дона тухми паранда, 3181 кг меваи хушк, 56604 кг сабзавот ва 4707 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун  маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд шуданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»