Аз нишастҳои матбуотӣ

Беш аз 16 миллион сомонӣ ба давлат баргардонида шуд

№88 - 89 (4038 - 4039) 23.07.2019

Хадамоти ИЧРО (1)Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти дигар беш аз 26 ҳазор арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ ворид шудааст.

Тавре сардори Хадамот Илёс Идрисзода 19 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, 58 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз зиёд мебошад.

- Илова бар ин, рӯёнидани ­маблағҳои зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — афзуд Илёс Идрисзода.

М. УСМОН, «Садои мардум»