Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳодҳои муҳими хизматрасон ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро дар нишасти матбуотие, ки 27 январи соли равон баргузор гардид, муовини якуми раиси хадамоти мазкур Илҳомҷон Атоев таъкид кард. Сипас, муовини раиси хадамот Адолат Абдурраҳмонзода дар бораи фаъолият дар соли 2019 гузориш дод. Вай, аз ҷумла, иброз дошт:
- Соли гузашта аз рӯи ҳисоби пешакӣ даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа ба 2 миллиарду 683 миллиону 980 ҳазору 140 сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2018 бештар аст. Маблағи хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ маблағи 1 миллиарду 964 миллиону 26 ҳазору 502 сомониро ташкил намуд. Айни замон шумораи муштариёни имтиёздор 8650 нафарро ташкил медиҳад.
Адолат Абдурраҳмонзода зикр кард, ки дар давраи мавриди назар шумораи симкортҳо 6 миллиону 892 ҳазору 222 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 4 миллиону 838 ҳазору 891 нафар муштариёни фаъол мебошанд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», симкортҳои 3 миллиону 36 ҳазору 433 муштарӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта шуд. Онҳое, ки симкортҳояшон аз нав ба қайд гирифта нашудааст, 3 миллиону 855 ҳазору 789 ададро ташкил медиҳанд.
Ҳоло барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад. Фаъолияти КВД «Почтаи тоҷик» низ хуб ба роҳ монда шудааст. Даромади умумии соҳа аз хизматрасонӣ 8 миллиону 651 ҳазору 120 сомониро ташкил дод. Муросилоти почта ба 935 тоннаву 120 кг баробар шуд, ки нисбат ба соли пеш 52 тоннаву 590 кг зиёд аст. Дар муросилоти почтаи байналхалқӣ низ пешравӣ ба чашм мерасад.
ВОРИС, «Садои мардум»