Аз нишастҳои матбуотӣ

Беш аз 4000 иншоот бунёд гардид

№26 (4922) 26.02.2025

1Соли 2024 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Хатлон ба 42,8 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 8,3 банди фоизӣ таъмин гардидааст, ки ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 27,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромад бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2,8 миллиард сомонӣ ворид шудааст. Ин нишондод нисбат ба нақша 122 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2023 ба андозаи 350 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷониби ташкилотҳои молиявию қарзӣ ба иқтисодиёти вилоят 5,2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст, ки нисбат ба соли пешин 131 фоиз ё 1,3 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Соли 2024 ба вилоят 7,2 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,3 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

- Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 6260 иншооти ҷашнӣ то инҷониб 4068-тои он ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ бунёд шудааст, ки 65 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад, — гуфт Давлаталӣ Саид.

Раиси вилоят дар идома афзуд, ки соҳаи саноат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, танҳо дар соли 2024 аз ҷониби соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 89 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Зикр гардид, ки соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,5 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2023-юм 903,1 миллион сомонӣ афзудааст.

С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»