Аз нишастҳои матбуотӣ

Беш аз 500 тонна моҳӣ истеҳсол гардид

№21 (4761) 14.02.2024

16-уми феврал дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Нурулло Мирзозода изҳор дошт, ки соли 2023 моҳипарварони ноҳия 553 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли гузашта 50,2 тонна зиёд мебошад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 1 миллиарду 618 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 134 миллиону 268 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

- Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагӣ 59901 тонна, пахта — 8525,0, картошка — 9569, сабзавот — 90515, полезӣ — 34005, мева — 11520, ангур — 1074, гӯшт — 9829,0, шир — 24177 тонна, тухм 5 миллиону 880,8 ҳазор дона, пашм — 167,8, пилла — 1,4, асал — 38,2 ва моҳӣ 553 тоннаро ташкил дод. Инчунин, аз ноҳия 2367 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 202 тонна зиёд мебошад, — афзуд раиси ноҳия.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»