Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим 20 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки масъалаи беҳтар гардонидани раванди таълим, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, истифода аз лабораторияҳои тахассусӣ, синфхонаҳои компютерӣ зери назари доимии раёсати донишгоҳ қарор дорад.
- Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масъалаҳои марказии такмили сифати таълим маҳсуб ёфта, дар донишгоҳ 371 нафар устодон, аз ҷумла 21 доктори илм ва 151 номзади илм ба фаъолияти таълимӣ ҷалб шудаанд, — изҳор дошт ректор.
Дар посух ба саволи хабарнигор оид ба таъмин шудани хатмкунандагони донишгоҳ ҷои кор Ҳакимбек Абдуалимзода аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳар сол тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетии донишгоҳ дар асоси дархостҳои воридшуда сурат гирифта, онҳо ба вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳои молиявию қарзӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ба мутахассисони соҳаи маориф, иқтисод ва идора эҳтиёҷ доранд, равон карда мешаванд. Аз ҳисоби умумии хатмкунандаҳои донишгоҳ ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 61 фоизашон бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Бино ба маълумоти дастрасшуда, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 800 нафар донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд ва ба таъбири ректор онҳо ихтисосҳои калидӣ — молия, кори бонкӣ ва ба ин монандро интихоб намудаанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»