Сеюми феврали соли 2022 бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода нишасти матбуотӣ доир шуд.
Вазир аз он қаноатманд аст, ки соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 11,8 фоиз зиёд аст. Соли 2022 маблағгузории соҳа зиёд шуда, 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз оғози соли 2021 то ба ҳол 1059 хонандаи боистеъдод аз мактабҳои президентӣ, гимназияи ҷумҳуриявӣ ва литсейҳо дар 36 олимпиадаи фаннии байналмилалӣ иштирок карданд. Онҳо соҳиби 648 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 79 медали тилло, 190 медали нуқра ва 379 медали биринҷӣ гардиданд.
Шумораи хатмкунандагон бо ихтисоси омӯзгорӣ 16 ҳазор нафар дар як сол мебошад. Ҳолатҳое мешавад, ки омӯзгорони ҷавон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳр ва вилоятҳо бо манзил таъмин ва аз имтиёзҳои муқарраршуда баҳравар намешаванд. Дар натиҷа, омӯзгори ҷавон касбашро дигар мекунад ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад.
То ин дам 53 китоби дарсӣ ба забони русӣ тарҷума шуда, таҳриру ороиши китобҳо идома дорад. Ба забони ӯзбекӣ 24 номгӯйи китоби дарсӣ бо забони қирғизӣ 4 китоб тарҷума ва чоп шуданд. Иттилоъ гирифтем, ки гурӯҳи корӣ ба тарҷумаи китобҳо ба забони туркманӣ оғоз карданд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»