Аз нишастҳои матбуотӣ

Бонкҳо 108,4 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

CTX_7045Дуюми феврали соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишас­ти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳор дошт, ки сатҳи таваррум соли 2021 дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида, 8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 1,4 банди фоизӣ паст мебошад.

Зикр шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул, сиёсати мутавозини пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳо ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.

Иттилоъ гирифтем, ки баҳри танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ — таваррумӣ соли 2021 музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 7,9 млрд. сомонӣ гузаронида шуд.

Дар давраи мавриди назар меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд бо пули миллӣ ба 3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 9 фоизи солона баробар гардид. Бо мақсади таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон соли 2021 ба ташкилотҳои қарзӣ 720,0 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 17,7 маротиба зиёд мебошад.

Аз он қаноатмандӣ шуд, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА то 31 декабри соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, беқурб­шавӣ ба вуҷуд наомад. Дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ то 31 декабри соли 2021 маблағи 22,4 млрд. сомониро ташкил дод. Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, 17,3 млрд. сомониро ташкил намуд.

Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2021 мусбат буда, 108,4 млн. сомонӣ фоида ба даст омадааст.

Муҳим он аст, ки меъёри пардохт­пазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ то 31 декабри соли 2021 ба 87,7 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда (30 фоиз) 57,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Бақияи пасандозҳо то 31 декабри соли 2021-ум 10,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз ҳаҷми умумии пасандозҳо ҳиссаи пасан­дозҳо бо пули миллӣ 55,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар таркиби пасандозҳо 4,8 млрд. сомонӣ ё 47,2 фоизро пасандози шахсони ҳуқуқӣ ва 5,4 млрд. сомонӣ ё 52,8 фоизро пасандози шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Қарзҳои додашуда соли 2021 маблағи 13,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 37 фоиз зиёд мебошад.

Теъдоди қарзҳои додашуда низ дар давраи баррасишаванда ду маротиба зиёд гардида, ба 2,3 млн. адад расид.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»