Аз нишастҳои матбуотӣ

Бонки миллӣ. Нишондиҳандаҳо назаррасанд

№97 (4359) 27.07.2021

IMG_785622 июли соли 2021 дар дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор шуд.

Раиси он Ҳоким Холиқзода оид ба пешбурди сиёсати монетарӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ маълумот дода, минҷумла, гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ тат­биқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд.

 Аз ҷониби раиси Бонки миллӣ рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, қайд гардид, ки ММД-и номиналии кишвар 40,0 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

 Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ — июни соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Дар шарҳи ин ­масъала зикр шуд, ки нишондиҳандаи зикршуда, асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ — 3,1 ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,6 фоиз ба амал омад.

Ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 153,0 млрд. сомонӣ амонати ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷалб гардид. Инчунин, 33 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ баргузор шуд.

Қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 0,2 фоиз коҳиш ёфта, муътадил арзёбӣ гардид. Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 б.ф кам мебошад. Аз он қаноатмандӣ гардид, ки новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус ва дигар сабабҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ба он ноил гардид, ки сиёсати қурбии муваффақ дошта бошад.

Дороии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 21,8 млрд. сомониро ташкил дода, уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мувофиқан ба 17,2 млрд. сомонӣ ва 4,6 млрд. сомонӣ баробар гардиданд.

Фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ моҳҳои январ — июни соли 2021 бо фоида ба маблағи 267,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 116 млн. сомонӣ ё 76,6 фоиз зиёд мебошад.

Пасандозҳо то 30 июни соли 2021-ум 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Пешниҳоди қарз низ тамоюли афзоишро касб намуда, 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 64,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди қарзҳои додашуда низ 2,7 маротиба зиёд гардида, ба 1,1 млн. адад баробар шуд.

Шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мутаносибан 1 229 адад ва 5 364 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 133 адад зиёд ва терминалҳои электронӣ 211 адад кам шудааст.

Аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,75 млн. корти пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 42 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, моҳҳои январ-июни соли 2021 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 35,5 млн. амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аз рӯи шумора 70 фоиз ва аз лиҳози маблағи амалиёт ду маротиба бештар аст.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»