Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон якуми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сохта ба истифода додани роҳу нақб ва пулҳо Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, ба як кишвари воҳид табдил дод.
Номбурда аз манфиати роҳҳои сохташуда ёдовар шуда, изҳор дошт, ки танҳо тавассути ағбаи Кулма наздики 40 фоизи бори ба Тоҷикистон воридшаванда интиқол меёбад. Бино ба гуфти ӯ, сохтмону таҷдиди роҳҳо идома дошта, айни замон дар комплекси нақлиёт 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 655,3 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад. Азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб (қитъаи Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон), Восеъ-Ховалинг ва сохтмони пулу нақбҳо дар роҳи оҳани Душанбе-Хатлон (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки анҷомёбиашон дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Доир ба боркашонӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ вазир иттилоъ дод, ки дар шаш моҳ тавассути ҳама намуди нақлиёт 34,2 миллион тонна бор интиқол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз кам мебошад. Дар ин давра ба 276,4 миллион нафар хизмат расонида шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 2,3 фоиз зиёд аст.
Айни замон дар кишвар 214 корхонаи нақлиётӣ, 52 терминали мусофирбарӣ, 19 терминали боркашонӣ, 840 хатсайри мусофирбарӣ, 36 ширкати нақлиётии байналмилалӣ фаъолият намуда, интиқолдиҳандагони ватанӣ бо 26 давлати хориҷии дур ва 14 давлати хориҷии наздик ҳамлу нақли байналмилалиро амалӣ намуда истодаанд.
Шералӣ Ганҷалзода, ҳамчунин доир ба ҳолати лоиҳаи роҳи оҳани Хитой-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, инчунин оид ба сатҳу сифат ва мушкилоти соҳаи авиатсияи гражданӣ маълумот дод.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»