- Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар пойтахт ба 13, 8 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар ММД ба 20,1 фоиз баробар гардид, — зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода. — Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳо ба 2.2 миллиард сомонӣ расид. Аз ҷумла, истеҳсолот дар соҳаи истихроҷ 14, 8 миллион сомонӣ ё 2 маротиба, саноати коркард 1,6 миллиард сомонӣ ё 16 фоиз, тақсимоти неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ ё 9 фоиз зиёд гардид. Инчунин, 218 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар соҳаи маориф азнавсозӣ ва таъмиру сохтмони 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст ба сомон расид. Дар 28 муассисаи таълимӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1652 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 12 муассиса барои 1997 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон сохтмон идома дорад. Ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълим 3 барномаи муҳим қабул гардида, муассисаҳои таълимии рақамҳои 26,31,55 ва мактаби байналмилалии Академияи Кембриҷ ба истифода дода шуд.
Дар тӯли сол 11 боғу гулгашт ва 102 майдончаи варзишӣ бунёд ёфт. Тибқи Нақшаи генералӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7,6 ҳазор гектар ба ҳудуди пойтахт ворид карда шуд. Нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ иҷро гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ҷиҳати дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаи иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 14, 1 миллион сомонӣ кумакпулӣ ҷудо ва 5449 нафар бону бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»