Аз нишастҳои матбуотӣ

Бунёди 136 иншоот дар ноҳияи Деваштич

№ 06.02.2023

FB_IMG_1675227275383 (1)Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо иборат аз 252 банд таҳия карда шуда, соли 2022-юм 136 иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ, ки 31-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуд, раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода иттилоъ дод.

Номбурда оид ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, андоз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва соҳибкорӣ дар соли сипаришуда маълумот дода, зикр кард, ки нақшаи қисми даромади умумии буҷет барои соли 2022-юм 41 миллиону 558 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, 100,8 фоиз иҷро гардид.

Нақшаи буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 105 фоиз иҷро шуда, ба ҷои 31 миллиону 105 ҳазор, 32 миллиону 657 ҳазору 503 сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шуд.

Соли сипаришуда аз 7 намуд нақшаи 6 намуди андоз барзиёд иҷро гардид.

Зикр гардид, ки дар ноҳия оид ба иҷрои Паёми Пешвои миллат доир ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, аз ҷумла сармояи мус­тақим ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, шароит фароҳам аст.

Шумораи соҳибкорон 4058 нафарро ташкил дода, 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст.

Ҳоло дар ноҳия 15 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд. Соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусӣ ба маблағи 96 миллиону 223 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 миллиону 868 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Комрони АСЛОН,

«Садои мардум»