- Дар нимсолаи якум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 28 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ, 3 маҷмааи варзишӣ ва дар умум бо харҷи 86 миллиону 56 ҳазору 884 сомонӣ 44 иншооти нави варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, — гуфт раиси кумитаи мазкур Абдулло Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба қавли ӯ, соли равон дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 620 мусобиқаи оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 иштирокчӣ баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки 1531 варзишгари кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалие, ки дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, ширкат варзиданд. Дар натиҷа, варзишгарони кишвар ба хазинаи варзишии мамлакат 269 медал ворид намуданд, ки аз он 64 медали тилло, 77 — нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 38 медали тилло, 43 — нуқра ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад.
- Муаррифии варзиши тоҷик дар сатҳи ҷаҳон ва дарёфту омода намудани варзишгарони касбии сатҳи баланд тавассути баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси кумита 49 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии варзишӣ баргузор шуд, ки дар онҳо 51 ҳазору 27 нафар, аз ҷумла 1044 бону иштирок намуд, — афзуд Абдулло Раҳмонзода.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»