Аз нишастҳои матбуотӣ

Буриши дарахтони ҷангал коҳиш ёфт

№18 (3968) 14.02.2019

_DSC0014+- Бунёду барқарорсозӣ ва нигоҳубини ҷангал аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хоҷагии ҷангал мебошад. Соли 2018 дар 1893,3 ҳазор гектар бунёд ва барқароркунии ҷангал сурат гирифт, ки нисбат ба соли пеш 14,8 гектар зиёд аст, — изҳор дошт директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода 11 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, ҷиҳати ҳифзи ҷангал аз сӯхтор, нигаҳдории олами ҳайвоноту наботот дар шафати шоҳроҳҳо шиору овеза ва дар сарҳади заминҳои фонди давлатии ҷангал ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда лавҳаҳо гузошта шудааст.

Инчунин, ки пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда вазифаи асосии кормандони умури давлатии ҳифзи ҷангал ба ҳисоб меравад, ки дар асоси кодексҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» амалӣ мешавад. Соли гузашта доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳа ва шикор 1384 санад тартиб дода, 315,3 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шуд. Аз ин ҳисоб 12,2 ҳазор сомонӣ ба шикори ғайриқонунӣ рост меояд.

- Бинобар беҳтар гардидани дастрасӣ ба дигар манбаъҳои энергия (аз байн рафтани лимити истифодаи қувваи барқ дар фасли зимистон, зиёд гаштани истеҳсоли ангишт, дастрасӣ ба гази моеъ) ҳуқуқвайронкунӣ дар самти буриши дарахтон дар ҷангал кам гардид. Масалан, соли 2018 нисбат ба як соли пеш 120 ҳолат кам ба қайд гирифта шуд, — гуфт Азизулло Исматзода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»