Муовини якуми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода 13 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо зиёд кардани теъдоди дарахтон аст, зеро дарахтон бештар газҳои гулхонаиро фурӯ бурда, таъсири гармшавии иқлимро кам мекунанд.
- Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҷойи 1 миллиону 430063 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда 1 миллиону 560861 бех ниҳол шинонида шуд, ки 109 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо 27 миллиону 630650 бех гулу бутта шинонида, 253453 метри мураббаъ майсазор бунёд шудааст,- гуфт Зарафо Қиёмзода.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ зиёда аз 4000 суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор намуд.
Инчунин, дар шаш моҳи соли равон 644 маротиба бо иштироки 193282 нафар аксияи экологии «Тозагии соҳил» ва 888 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он 339945 нафар ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 1529 нуқтаи муваққатии таҷаммӯи партовҳои маишӣ мавҷуданд, ки ҳар шабонарӯз дар онҳо 620 — 700 метри кубӣ партов ҷамъ ва аз пойтахт берун бурда мешавад. Дар мамлакат 72 нуқтаи ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ дар масоҳати 296 гектар мавҷуд аст. Аҳолиро зарур аст, ки партовҳоро танҳо дар ҷойҳои муайяншуда гузошта, манбаъҳои об ва кӯчаю хиёбонҳоро аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ доранд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»